САФАРИ ПУРҒАНОВАТИ ТЕАТР
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Аз 1 то 10 октябри соли равон сафари ҳунарии театри давлатии русии ба номи В. Маяковский дар Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин сафар театр 4 намоиши худро. аз ҷумла «Рустам ва Сӯҳроб»-и В. Жуковский, «Се хоҳарон»-и А. Чехов, «Ишқи аввали Насриддин»-и Т. Зулфиқоров ва «Алибобо ва роҳзанҳо»-ро дар шаҳрҳои Брянск ва Орёл намоиш дод. Сафари мазкур аз рӯи барномаи дастгирии театрҳои русии давлатҳои ИДМ ва Балтия, ки бо дастгирии Президент ва Ҳукумати ФР ба нақша гирифта шуда буд, баргузор гардид. Аз тарафи Ҳукумати ҶТ ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин ташаббус дастгирӣ ёфт. Ҳайати эҷодии театр аз 30 нафар ҳунармандону кормандони техникӣ иборат буд. Дар муддати 10 рӯз театр дар ду шахри номбаршудаи ФР 14 намоиш нишон дод, ки онҳоро зиёда аз ҳазор тамошобин дар толор тамошо намуда, имконият пайдо карданд, ки аз адабиёт, фарҳанг ва санъати театрии тоҷик бохабар шаванд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






