ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ТЕХНИКӢ ДАР ЕРЕВАН
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Аз 13 то 15 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ереван ҷаласаи 8-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба амнияти саноат баргузор мегардад. Дар ин бора Агентии иттилоотии Арманистон дар сомонаи худ NEWS.am хабар додааст. «Мутобиқ ба хабари Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Арманистон дар ҷаласа ҳайати намояндагон аз кишварҳои Тоҷикистон, Белоруссия, Русия, Украина, Молдова, Қирғизистон, Қазоқистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат меварзанд». Дар чаҳорчӯби чорабинӣ созишномаҳои пештар ба имзорасида, равияҳои назорати давлатӣ оид ба амнияти техникӣ, таҳлили садамаҳои техногение, ки дар ҷумҳурӣ ба амал меоянд , амалиёт оид ба таъмин намудани амнияти техникӣ ва дигар масъалаҳо муҳокима мешаванд. Дар сомонаи NEWS.am гуфта шудааст, ки дар ҷаласа Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Арманистон Армен Ерисян бо сухани ифтитоҳӣ баромад менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






