«ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ» БО ЗАБОНИ ЧИНӢ

Октябрь 7, 2010 11:46

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо  забони чинӣ аз чоп баромад. Дар хитобаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагони бисёрмиллионаи чинизабон, аз ҷумла омадааст, ки «барои наслҳои имрўзаи аҳли башар Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол 9 – уми сентябри соли 1991 арзи ҳастӣ намуд, дар асл бошад тоҷикон аз сокинони қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддуни пурғановати онҳо аз гузаштаи хеле дуру бостон сарчашма мегирад». Дар хитоба ҳамчунин таъкид гаштааст, ки «равобити дўстӣ ва ҳамкории мардуми тоҷик бо мардумони Чин низ собиқаи хеле бостон дорад ва тавассути Шоҳроҳи Абрешим, хусусан дар даврони ҳокимияти давлатҳои Суғду Бохтар ва Сомониён густариши зиёд пайдо намудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки имрўз низ Тоҷикистону Чин муносибатҳои дўстӣ ва ҳамсоягии накуи худро мутобиқ бо талаботи асри 21 ба роҳ мемонанд. «Чинро дар кишвари мо дўсти боэътимод ва аз муҳимтарин шарикони Тоҷикистон медонанд», — омадааст дар хитоба. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони чинӣ ба шиносоии мардумони давлати бузурги Чин бо таъриху фарҳанги гузашта ва имрўзаи мо ва ба таҳкиму густариши  бештари равобити дўстонаи Тоҷикистону Чин мусоидати фаъол менамояд. Бо забони чинӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин ба чоп расидани китоби Эмомалӣ Раҳмон  «Тоҷикон дар оинаи таърих» боз як иқдоми наҷибест дар ҷодаи муаррифӣ ва баланд бардоштани нуфузи таърихии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 7, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд