«ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ» БО ЗАБОНИ ЧИНӢ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони чинӣ аз чоп баромад. Дар хитобаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагони бисёрмиллионаи чинизабон, аз ҷумла омадааст, ки «барои наслҳои имрўзаи аҳли башар Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол 9 – уми сентябри соли 1991 арзи ҳастӣ намуд, дар асл бошад тоҷикон аз сокинони қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддуни пурғановати онҳо аз гузаштаи хеле дуру бостон сарчашма мегирад». Дар хитоба ҳамчунин таъкид гаштааст, ки «равобити дўстӣ ва ҳамкории мардуми тоҷик бо мардумони Чин низ собиқаи хеле бостон дорад ва тавассути Шоҳроҳи Абрешим, хусусан дар даврони ҳокимияти давлатҳои Суғду Бохтар ва Сомониён густариши зиёд пайдо намудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки имрўз низ Тоҷикистону Чин муносибатҳои дўстӣ ва ҳамсоягии накуи худро мутобиқ бо талаботи асри 21 ба роҳ мемонанд. «Чинро дар кишвари мо дўсти боэътимод ва аз муҳимтарин шарикони Тоҷикистон медонанд», — омадааст дар хитоба. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони чинӣ ба шиносоии мардумони давлати бузурги Чин бо таъриху фарҳанги гузашта ва имрўзаи мо ва ба таҳкиму густариши бештари равобити дўстонаи Тоҷикистону Чин мусоидати фаъол менамояд. Бо забони чинӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин ба чоп расидани китоби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» боз як иқдоми наҷибест дар ҷодаи муаррифӣ ва баланд бардоштани нуфузи таърихии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд






