ВОЯ БАР ЗИДДИ ЗУКОМИ МАВСИМӢ

Октябрь 14, 2010 11:36

           Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Нусратулло Салимов- вазири тандурустии ҶТ изҳор намуд, ки яке аз вазифаҳои асосии Вазорати тандурустӣ дар солҳои наздик  ворид намудани шаклҳои мураккаб ва муосири табобат дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳадаф аз ин кам кардани шумораи беморони ба хориҷи кишвар барои табобат фиристодашаванда мебошанд, ки ин ба иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбати худро мерасонад.             Нусратулло Салимов дар бораи татбиқи лоиҳаи «Рӯйхати кафолати давлатии хизматрасонии пулакии тиббӣ» дар 8 ноҳияи пилотии кишвар ҳарф зад. Дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур ба рӯйхати хизматрасониҳои пулакӣ хадамоти ёрирасон- рентген, озмоишгоҳҳо, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ дохил мешаванд, ҳамчунин, хизматрасонӣ бо  истифодаи таҷҳизоти тиббии ҳозиразамон, аз ҷумла косметология низ пулакӣ шудаанд. Маблағҳои ҷамъшуда барои баланд бардоштани музди маош, хариди таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва ба буҷаи ҷумҳурӣ равона мешаванд.                  Ӯ, ҳамчунин, қайд намуд, ки дар ҷумҳурӣ вазъи хурӯҷи домана, табларза ва дигар бемориҳои сироятӣ таҳти назорат қарор доранд. Аз соли гузашта инҷониб дар Тоҷикистон воя бар зидди зукоми мавсимӣ истифода мешавад. Имсол низ шурӯъ аз 18 октябр эмкунӣ бар зидди зукоми мавсимии кормандони соҳаи тиб оғоз мегардад.

Октябрь 14, 2010 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!