100 КОМПЮТЕР ДАР ХИЗМАТИ ХАБАРНИГОРОН

Ноябрь 25, 2010 14:21

Душанбе, 25 ноябр.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-  Дар ин лаҳзаҳо  дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҷараён дорад. Барои инъикоси оҷилии кори ин форуми муҳим ба пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе зиёда аз 200 намояндаи Васоити ахбори оммаи байналмилалӣ омадаанд. Ба таври умум бошад кори ҷаласаи сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ-ро  қариб 500 нафар хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос намуда истодаанд. Барои кори самараноки хабарнигорон ҷониби Тоҷикистон шароитҳои лозимиро муҳайё намудааст, аз ҷумла дар бинои Бонки Миллии Тоҷикистон маркази матбуотӣ ташкил шудааст. Ин марказ дар бинои нави Бонки Миллӣ, дар наздикии қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати ҷумҳурӣ воқеъ аст ва барои намояндагони ВАО ниҳоят мувофиқ мебошад. Дар маркази матбуотии мазкур, ки  дар толори  васеъ  ҷой гирифтааст,  барои хабарнигорон ҷойҳои кории мувофиқ  омода гашта, 100 компютери ба интернет пайваст  дар хизмати онҳо қарор дорад. Алоқаи байналмилалӣ ва интернети баландсуръатро барои хабарнигорон  ширкати ватанӣ-Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Вавилон-мобайл» пешниҳод намудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар маркази матбуотӣ монитор- ҳо ва телевизорҳои калон гузошта шудаанд ва  тавассути канали асосии ҷумҳурӣ -«Шабакаи аввал» хабарнигорон имконият доранд  бо рафти кори ҷаласа мустақиман  ошно гарданд. Хулоса, барои хабарнигорон тамоми шароити кору истироҳат муҳайёст.  

Ноябрь 25, 2010 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!