ҶАЛАСАИ 64-УМИ ҚУВВАҲОИ САРҲАДИИ ИДМ
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Ҷаласаи 64-уми Шӯрои фармондеҳии қувваҳои сарҳадии давлатҳои узви ИДМ аз 1 то 3 декабри соли ҷорӣ дар Кумитаи давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Белорус баргузор мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Шӯрои фармондеҳии қувваҳои сарҳадии ИДМ хабар доданд. Ҷумҳурии Белорус бори сеюм аст, ки роҳбарони мақомоти сарҳадии давлатҳои узви ИДМ –ро дар кишвари худ пешвоз мегирад. Дар рафти ҷаласа дар назар аст, ки зиёда аз 20 масъалаи фаъолияти амалӣ дар мавриди таъмини амнияти сарҳадии марзҳои берунии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






