ҶАРАЁНИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ СҲШ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Ин лаҳзаҳо ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар «Касри Сомон» идома дорад. Мулоқоти сарони ҳукуматҳо дар ҳайати маҳдуд анҷом ёфта, айни ҳол ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои созмон бо иштироки намояндагони давлатҳои нозир ва меҳмонон дар ҳайати васеъ гузашта истодааст. Ҷаласаи васеи сарони ҳукуматҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов оғоз бахшида, аз иштироки меҳмонон дар ин ҷаласаи муҳими сиёсии минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Ба хамин тартиб, намояндагони дигар кишварҳо бо навбат суханронӣ намуда, вобаста ба проблемаҳои муҳими минтақа андешаҳояшонро иброз намуда истодаанд. Тавре иштирокдорони ҷаласа зикр карданд, дар шароите, ки аксари кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бӯҳрони молӣ дучоранд, мебояд ҳамаи кишварҳо, хоса кишварҳои узви СҲШ барномаҳои муҳими иқтисодии минтақаро ба роҳ монда, дар заминаи он бобати васеъ намудани имконияти иқтисодии кишварҳои минтақа тадбирҳо андешанд. Ҳамчунин, ҳайати давлатҳо дар рафти ин ҷаласа вазъи кунунии сиёсии минтақа ва таъмини сулҳу оромиро мавриди баррасӣ қарор дода истодаанд. Ёдовар мешавем, ки дар кори ин ҷаласа, ҳамчунин намояндагони давлатҳои нозири созмон, аз ҷумла Ноиби аввали Президенти Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ, Сарвазири Покистон Саид Ризо Гелонӣ, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушив Кумар Шинде, вазири корҳои хориҷии Муғулистон Гомбожалв Зандамшатарм, инчунин ба сифати меҳмон Ноиби Президенти Афғонистон Халилӣ иштирок ва суханронӣ мекунанд. Дар назар аст, ки баъди ин ҷаласа маросими ба имзо расонидани як қатор ҳуҷҷатҳо ва нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






