ҶАШНИ РЎЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ХАДАМОТИ ГУМРУК

Ноябрь 4, 2010 13:40

         Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ба муносибати ҷашни рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар дар бинои марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони вазорат, намояндагони мақомоти судиву коршиносони соҳа ҷамъомади илмию  амалӣ баргузор гардид. Дар рафти ин ҷашни бузурги миллӣ ёдрас шуданд, ки Сарқонуни кишвар  мутобиқ ба тамоми меъёрҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ  буда, он ҳамчун кафили озодиҳои инсон ва шаҳрвандон дар кишвар ва танзимкунандаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷомеаи демократӣ аз ҷониби 130 давлати дунё пазируфта шудааст.                                                                      Конститутсияи мо баёнгари таносуби воқеии ҳамаи нерӯҳои иҷтимоии ҷомеа ва кафили манфиатҳои мардум буда, ба бунёди давлате замина гузошт, ки баҳри хизмат ба мардум ва амалӣ намудани ормонҳои миллӣ амал мекунад.    Бо ин мақсад, тамоми ҳайати шахсии Хадамоти гумрук фаъолияти худро пеш аз ҳама дар асоси Конститутсия ба роҳ монда, баҳри таъмини амнияти иқтисодӣ, ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳои гумрукӣ дар марзи кишвар талош меварзанд.   Мавриди зикр аст, ки шонздаҳ сол муқаддам, рӯзи 6–уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ин санади вокеан ҳам тақдирсоз ояндаи дурахшони ҷомеаи моро муайян намуд.    

Ноябрь 4, 2010 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад