«АСАЛ» БИНО МЕСОЗАД
Бадахшон, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Бахшида ба 16- умин солгарди Сарқонуни ҷумҳурӣ бо ибтикори Кумитаи занони ВМКБ таҳти унвони «Сарқонун- роҳнамои мост» дар байни занону духтарон маърӯзаву сўҳбат ва вохўриҳо бо нафарони барўманди маҳал ва дигар чорабиниҳо баргузор гашта истодаанд. Чанд рўз қабл дар мавзеи Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ чунин як вохўрӣ баргузор гардид. Дар вохўрӣ ҳуҳуқшиносон ва дигар шахсони масъул аз ҳуқуқу озодиҳо ва ўҳдадориҳои шаҳрвандон ҳарф зада, ба суолҳои зиёди ҳозирин љавоб доданд. Ҳамчунин, чанд рӯз қабл ба истиқболи Рўзи Сарқонуни ҷумҳурӣ дар ноҳияи Рўшон бинои нави барҳавои баландошёнаи шўъбаи корҳои дохилї мавриди истифода қарор гирифт. Биноро ширкати бинокории «Асал» бо сифати баланд бунёд намудааст. Дар бунёди он 400 ҳазор сомонї масраф гардид. Бояд гуфт, ки дар бинои мазкур ба хотири фаъолияти мўътадили кормандон тамоми шароит муҳайёст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






