БАРРАСИИ МАСОИЛИ НАШЪАМАНДӢ ДАР ФОРУМ

Ноябрь 18, 2010 15:55

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ (GTZ) аз моҳи октябри соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Барномаи минтақавии «Пешгирии ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ миёни ҷавонони Тоҷикистон» оғоз гардидааст. Бо ташаббуси Вазорати кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Барномаи «Тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ аз 9 то 12 ноябри соли 2010 дар соҳили Иссиқкўли Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми байналмилалии ҷавонон зери унвони «Пешгирии ВНМО/ БПНМ ва нашъмандӣ миёни ҷавонон: даъват ва имкониятҳо» баргузор гардид. Дар Форуми мазкур намояндагони 5 кишвари Осиёи Марказӣ: Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳамчунин, 28 нафар намояндагони ҷавони мамлакат,  аз сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон иштирок намуданд.  Дар асоси барномаи таҳррезигардида дар доираи Форуми ҷавонон ҷаласаи пленарӣ (бо иштироки Вазири кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон), машваратҳо, муаррифии фаъолияти мақомоти кор бо ҷавонони давлатҳои иштироккунанда дар самти пешгирии ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ, ток-шоу, бар-кэмп барои ҳамоҳангсозии сиёсат дар самти пешгирии ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ миёни ҷавонон баргузор гардид. Дар рафти Форум ҳайати намояндагони Тоҷикистон дастовардҳои худро дар самти пешгирӣ ва мубориза алайҳи маводи нашъадор ва ВНМО/БПНМ муаррифи намуданд. Инчунин, ҳангоми боздид иштирокчиён бо роҳу усулҳои замонавӣ, ки баҳри пешгирии бемории ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ истифода бурда мешаванд, ошноӣ пайдо карданд. Ҳамзамон, дар доираи Форум 12 ноябр мулоқоти муовини Раиси Кумита Муинова М.М. бо Роҳбари Барномаи минтақавии «Пешгирии ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ миёни ҷавонони Тоҷикистон» Гизел Хайфа баргузор гардид. Дар доираи мулоқот масъалаҳои марбут ба таъсис ва рушди Марказҳои имконоти ҷавонон дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон баррасӣ гардид. Дар маҳфили фарҳангии Форум намояндагони ҷавонони мамлакат тавонистанд дастовардҳои хешро ба намоиш гузошта, таъриху тамаддуни бойи кишвар ва анъанаҳои аҷдодиро муаррифӣ намоянд. Дар анҷоми чорабинии мазкур аз ҷониби иштирокдорон баргузории ҳамасолаи Форуми байналмилалии ҷавонон дар кишварҳои иштирокчӣ пешниҳод гардид. Бояд иброз намуд, ки маълумоти дар доираи Форум гирифташуда, барои татбиқи босамари барномаи минтақавии «Пешгирии ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ миёни ҷавонони Тоҷикистон» заминаи боэътимод хоҳад гузошт. Дар ин бора аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд.    

Ноябрь 18, 2010 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд