ДЕҲҚОН БОШӢ, ШУДГОР КУН!

Ноябрь 11, 2010 09:52

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-   Кишоварзони ҷумҳурӣ тасмим гирифтаанд, ки соли ҷорӣ дар майдони 202 ҳазору 250 га кишти тирмоҳии зироатҳои ғалладона ва сабзавоти барвақтӣ гузаронанд,-   хабар доданд аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».    Бино ба маълумоти расмии вазорат, то 10 – уми ноябри соли 2010 майдони 89 ҳазору 107 га шудгор ва дар майдони 57 ҳазору 600 га кишти тирамоҳии зироат ва сабзавоти барвақтӣ гузаронида шудааст, ки мутаносибан ба 44 фоиз (шудгор) ва 28, 5 фоиз (кишт) баробар аст.    Бо вуҷуди он ки ин нишондиҳанда  нисбат ба соли 2009 мутаносибан 19 ҳазору 966 га (шудгор) ва 6 ҳазору 387 га (кишт) зиёд аст, аммо мӯҳлати шудгору кишти тирамоҳӣ дар вақти муқарраршуда ба охир намерасад. Ин амали деҳқонон ба баланд бардоштани ҳосил ва гузоштани замина барои  соли 2011 таъсири манфӣ хоҳад расонд.     Айни ҳол мутахассисони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки барои анҷоми шудгор ва кишти тирамоҳӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд, зеро дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки «Деҳқон бошӣ,  шудгор кун!»

Ноябрь 11, 2010 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад