ДМТ СОҲИБИ 1245 КОМПЮТЕР ГАРДИД

Ноябрь 29, 2010 15:32

Душанбе, 29 ноябр . ( АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).-  Бино ба гуфти   муовини   ректори Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон     оид ба  таълим   Р. Мирбоев  айни  замон  дар  Донишгоҳ  47 синфхонаи  компютерӣ, аз ҷумла  6 китобхонаи  электронӣ  фаъолият  менамояд, ки  дар маҷмӯъ   1245 адад  компютерро   ташкил медиҳад.             Мавсуф  зимни  сӯҳбат зикр намуд, ки  дар Донишгоҳ  710  адад  компютер  ба шабакаҳои   интернет  пайваст   буда, инчунин  20 тахтаи  электронӣ  ва 65 видеопроектор  мавриди  истифода  қарор гирифтаанд.             Дар  тамоми факултаҳо  ва  толори  хурди  маҷлисгоҳи   бинои асосӣ  7 синфхонаи   лингофонӣ   амал менамояд.   Раёсати  ДМТ  тавассути истифодаи таҷҳизоти  ҳозиразамон  барои  ба стандартҳои  ҷаҳонӣ  мутобиқ намудани  барномаҳои   таълимӣ  ва мустаҳкам  намудани  савияи дониши    муҳассилин   ба комёбиҳои назаррас  ноил  гаштааст.

Ноябрь 29, 2010 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик