Э.РАҲМОН БА Д.МЕДВЕДЕВ БАРҚИЯ ИРСОЛ НАМУД
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев вобаста ба марги бармаҳалли корманди намоёни давлатии ин кишвар Виктор Черномирдин барқияи тасаллият ирсол намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хизматҳои шоёни Виктор Черномирдин дар дохил ва хориҷи кишвараш ҳангоми адои вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия дар солҳои вазнини 90-уми асри гузашта ёдовар шуда, ба нақши ӯ дар ташкили давлати навини демократии Русия ва иқтисоди бозории он баҳои баланд додааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши Виктор Черномирдинро дар арсаи минтақа ва ҷахон низ намоён арзёбӣ карда, доир ба саҳми ӯ дар густариши муносибот бо Тоҷикистони соҳибистиқлол изхор дошт: -«Дар кишвари мо саҳми бузурги Виктор Степановичро дар таҳкими ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Русия ҳамеша дар ёд доранд. Мо доимо, хусусан дар солҳои вазнин, кӯмаку дастгирии беғаразонаи ӯро эҳсос мекардем». Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев хоҳиш намудааст, ки ҳамдардии самими ӯро ба аҳли хонавода ва наздикони шодравон бирасонед. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






