ИШТИРОКИ Э.РАҲМОН ҚИСМАТИ НИҲОИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЧАКОМАИ ГЕСУ»

Ноябрь 9, 2010 09:10

Дар Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қисмати ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу» баргузор гардид. Қабл аз оғози ин чорабинии бошукўҳи фарҳангӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсули кори ҳунармандони мардумӣ, ки дар пешдолони даромадгоҳи Кохи Борбад ба роҳ монда шуда буд, дидан карда, бо аҳли ҳунари шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон сўҳбатҳои дилнишин анҷом дод. Дар намоишгоҳ анвои гуногуни либосҳои миллии занонаю мардона ва кўдакона, аз ҷумла пероҳану тоқиҳои гулдўзию зардўзӣ, ҷўробу пойафзоли мухталиф ва ҳам асбобҳои миллии мусиқӣ, зарфҳои рангоранги зебо, матоъҳои миллии тоҷикӣ ва ғайра дар маърази тамошобинон қарор доштанд. Зимни боздид аз намоишгоҳи шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, айни ҳол дар корхонаи Атласи Хуҷанд 30 намуд матои атлас истеҳсол карда мешавад ва то ҷашни солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон истеҳсоли боз 4 – 5 намуди дигари ин матои зебои тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба намоишгоҳи маҳсулоти заргарӣ низ таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, дастур дод, ки барои рушду нумуи ин соҳа ва афзун намудани даромаднокии он тадбирҳои судбахш андешида шаванд ва таъкид дошт, ки «дар Тоҷикистони зархези мо барои рушди заргарӣ ва ба яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисоди миллӣ табдил додани он тамоми шароити зарурӣ мавҷуд аст». Намоишгоҳи маҳсулоти хўрокворӣ низ, ки нишона аз ҳунари волои бонувони кадбонуи тоҷик аст, басо рангину дилрабо буд. Барои иштирок дар қисмати ниҳоӣ ва ё ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу» ғолибони ин озмун дар маҳалҳо ва беҳтарин иштирокдорони ин барномаи фарҳангӣ аз қисматҳои ҷамоавӣ ва шаҳрию ноҳиявии он даъват шудаанд. Иштирокдорони қисмати ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу», ки аксаран духтарону бонувони дорои мўйҳои дароз ва зебою ороишёфтаанд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ кўшиш ба харҷ доданд, ки чор фасли соли табиати биҳиштосои Тоҷикистон, либосу ороишоти миллии занона ва фарҳанги волои рақсу суруди тоҷикиро пешкаши бинанда созанд. Аз кафкўбиҳои бардавоми бинандагон, шодию нишот ва дилхушии бепоёни онҳо ҳар лаҳза аён мегашт, ки созмондиҳандагон ва иҷрокунандагони ин намоиши бошукўҳи фарҳангӣ, ки бо намояндагӣ аз тамоми гўшаю канори Тоҷикистони азиз ҳунарнамоӣ доштанд, ҳадафи дар назди худ гузоштаро ба хубӣ иҷро намудаанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо таассуроти бепоёни фораму дилнишин аз ин намоиши пурҷилои фарҳангӣ ва гесувони дарозу зебои духтарону бонувони тоҷик ба ҳамаи онҳое, ки дар таҳия ва пешкаш кардани он саҳм гузоштаанд, самимона арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Ноябрь 9, 2010 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд