КОНСТИТУТСИЯ- РОҲНАМОИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода бахшида ба 16-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷамъомад устодону шогирдони ин муассисаи бонуфузи фарҳангӣ ҳузур доштанд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишкадаи мазкур, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов ҳусни оғоз бахшид. Сипас, дар назди ҳозирин номзади илмҳои фалсафа, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Абдураҳмон Қурбонов дар бораи бобҳои алоҳидаи Конститутсия ҳарф зада гуфт, ки Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон чун роҳнамои давлати соҳибистиқлол дар рушду ободӣ ва оромии кишвар нақши муассир дорад. Дар охир байни устодон ва донишҷӯён дар бораи бобҳои алоҳидаи Сарқонун саволу ҷавоб доир гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






