М. НЕЪМАТОВ-РАИСИ ШӮРОИ ҶАВОНОНИ ИДМ

Ноябрь 26, 2010 11:03

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Мутобиқи нақшаи кори Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 21-22 ноябри соли 2010 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид. Дар кори ҷаласа тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали  Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон К.Ҷӯраев  иштирок намуд.             Дар ҷаласа як қатор масъалаҳо, аз ҷумла, фаъолияти Шӯро дар соли 2010, лоиҳаи Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон, таҳияи нақшаи  татбиқи Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон, оид ба ҷаласаи коршиносон вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи  байни кишварҳои  аъзои ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, дар бораи Сессияи байналмилалии инноватсионии ҷавонон, оид ба татбиқи лоиҳаи байнидавлатии  «Ғалабаи ҳамаи мо» ва ғайра мавриди баррасӣ карор дода шуд.  Инчунин  масъалаи интихоби раиси Шӯро барои соли 2011 мавриди баррасӣ қарор гирифт.             Мутобиқи низомномаи Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои иштирокчии ИДМ ва бо назардошти дар соли 2011 ба ваколати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидани раисӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич  Раиси Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ дар соли 2011 интихоб гардид.

Ноябрь 26, 2010 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад