«МАДАД»-МАДАДГОРИ КИШОВАРЗ

Ноябрь 18, 2010 09:46

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки КВД «Мадад» дар давоми 10 моҳи соли 2010 ба якчанд ташкилоту корхонаҳои дохилию хориҷӣ  барои воридоти техникаю мошинолоти кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ ба маблағи беш аз 4 млн. сомонӣ шартномаҳо ба имзо расонидааст.    Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ,  то имрӯз  ба маблағи 3 млн. сомонӣ техникаи кишоварзӣ, аз ҷумла 17 адад трактор, 7 адад комбайни ғалладарав, 9 адад испори тракторӣ ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ ворид  шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли 2009 ба маблағи 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ зиёд аст.    Дар ин муддат аз тарафи корхонаи мазкур ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар корхонаҳои кишоварзӣ ба маблағи 62 ҳазору 450 сомонӣ корҳои хизматрасонӣ анҷом дода шудааст. Корхона дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 17 адад мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ ва дар ноҳияи Рӯдакӣ як адад нуқтаи фурӯши техникаи кишоварзиро ба роҳ мондааст, ки он барои ёрии саривақтӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ хизмат менамояд.  

Ноябрь 18, 2010 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад