МОЛҲОИ ФОРСУ ХУРОСОН ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 13 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз дар «Кохи Борбад»-и пойтахт намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарону намояндагони мақомоти тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Эрон иштирок карданд. Муҳаммад Умронӣ мудири ширкати баргузории намоишгоҳҳои Эрон — «Сурӯши Хуросон» дар мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар намоишгоҳ 75 ширкати саноатӣ аз устонҳои Теҳрон, Хуросон, Форс, Исфаҳон, Хузистон ва Гулистон ширкат дошта, маҳсулоти гуногуни истеҳсолнамудаи худро ба намоишгоҳ гузоштаанд. Мавсуф афзуд, ки ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Эрон мебошад. Ҳамзамон, он дар муаррифии молу маҳсулоти саноатии ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва дар дар заминаи он ташкили корхонаҳои муштарак саҳми муносиб мегузорад. Намоишгоҳ то 17 ноябр идома меёбад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






