МУЛОҚОТИ УБАЙДУЛЛОЕВ БО ЛОРДҲОИ БРИТАНӢ

Ноябрь 17, 2010 11:32

     Душанбе, 17 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Британияи Кабир бо Котиби Генералии гурӯҳи британиявии Иттиҳоди Байнипарлумонӣ Кеннет Куртней мулоқот кард.      Кеннет Куртней иброз дошт, ки парлумони Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин парлумонест, ки бо парлумони Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ равобити байнипарулмониро ба роҳ монда,  тақвият мебахшад. Ин робитаҳо дар тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, иброз дошт К. Куртней.       Ҷонибҳо доир ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ табодули назар намуданд.      М. Убайдуллоев, инчунин бо меъёрҳои қонунгузории Британияи Кабир шинос гардида,  бо  роҳбари бахши равобити хориҷии Палатаи Обшин Марк Хаттон сӯҳбати пажӯҳишӣ доир намуд. Ҳамзамон, роҷеъ ба рушди равобити байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир раиси палатаи болоии парлумони мамлакат бо лордҳо ва парламентарҳои Британияи Кабир Лорд Вейверли, Лорд Андерсон ва ноиби Спикери Палатаи Обшин Нигел Эйванс мулоқот анҷом дод.  

Ноябрь 17, 2010 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад