МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 25 ноябри соли 2010, дар чараёни маҷлиси Сарони Ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқоти кории Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ян Тзечӣ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ба хусус ҳамкориҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхайро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вазирон иҷроиши лоиҳаҳои иқтисодиву тиҷоратиро баррасӣ ва роҳҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд. Вазирони корҳои хориҷӣ инчунин оид ба масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мебошанд, мудобилаи афкор намуданд. Зимни мулоқот баъзе масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ба ҳар ду кишвар ҳамҷавор мебошад, мавриди баррасӣ қарор дода, роҳандозии барномаҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба ҳайси яке аз муҳимтарин роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини сулҳу субот дар ин кишвар таъкид намуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






