О. ОҚИЛОВ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ
Душанбе, 22 ноября. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров) — Ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони ҳукуматҳо — Сарвазирони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркулманофеъ 19-уми ноябри соли равон дар толори Китобҳонаи бузурги Санкт Петербург ба номи Борис Елсин ба кори ҳуд оғоз баҳшида, дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов иштирок намуд. Дар нишасти Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои узви ИДМ масоили рушду таҳкими ҳамгироиҳои давлатҳои иттиҳод дар соҳаҳои иктисодӣ, гуманитарӣ ва таъмини амнияту бехатарӣ маҷмуан лоиҳаи наздик ба 22 ҳуҷҷати муҳим мавриди муҳокимаю баррасӣ карор дода шуд. Дар суҳанрониҳои худ аснои нишасти ҳайати маҳдуд ва баъдан дар ҳайати васеъ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов тавваҷўҳи роҳбарони ҳайатҳоро махсусан ба масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳо дар доираи иттиҳод ҷалб карда, иҷрои мувофиқаҳои қаблан ҳосилшударо омили муҳими пешрафту таррақиёти ҳар як давлати аъзо маънидод кард. Маҷмуан Сарони ҳукуматҳо – Сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳод дар нишасти навбатии худ Қарордод дар бораи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ, Нақшаи ҳамкориҳои гуманитарии ҷумҳуриҳои ИДМ барои давраи солҳои 2011-2020, Дурнамои истеҳсол ва истеъмоли электроэнергия, Консепсияи таъмини амнияти озуқаворӣ, рафти иҷрои марҳилаи аввали чорабиниҳои Стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои ИДМ, вазъи фаъолияти Шўрои ҳамоҳангсозии нақлиётии ИДМ ва як зумра масоили дигари рўзмарраро мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор дода тасмимот ва қарорҳои даҳлдор қабул намуданд. Худи ҳамон рўз ҷаласаи 28-уми Шўрои байнидавлатии Сарони ҳукуматҳо Сарвазирони давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия баргузор шуд , ки Тоҷикистонро дар кори он Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов намояндагӣ кард. Дар ин нишаст ,ки наҳуст дар доираи ҳайатҳои маҳдуд ва сипас бо иштироки ҳайатҳои васеъ доир гардид, муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи иттиҳод аз ҷумла, чорабинииҳои марбут ба рушди Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия дар давраи солҳои 2011-2013 ва ҷараёни фаъолияти байналмиллалии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия дар солҳои 2008-2010, инчунин, ташкили Иттиҳоди гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов изҳор дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат се самти асосии сиёсати иқтисодии Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини беҳатарии озўқаворӣ муайяну мушаххас шудааст , ки барои расидан ба ин ҳадафҳои созанда Тоҷикистон дар навбати ҳуд дастгирию кўмаки шарикони худ дар доираи Иттиҳодро зарур мешуморад. Оқил Оқилов ҳамзамон дар суҳанронии худ тавваҷҷуҳи роҳбарони ҳайатҳоро ба масоили тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои дигари афзалиятноки ҳар як давлати аъзо ҷалб намуда, изҳори умеду боварӣ кард, ки рушди ҳамкориҳои тарҳрезишудаи манфиатовар дар доираи Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия дар оянда ба беҳдошти вазъи иқтисодӣ ва рушди бемайлони он дар тамоми давлатҳои узви иттиҳод мусоидат менамояд. Дар маҷмӯъ аз натиҷаҳои баргузории ҷаласаҳои навбатии Шўрои Сарони ҳукуматҳо — Сарвазирони давлатҳои узви ИДМ ва Шўрои байнидавлатии Сарони ҳукуматҳо — Сарвазирони давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия изҳори қаноатмандӣ гардид. Қарор дода шуд ,ки барои бо сатҳу сифати баланди ҳамгироиҳои тарафайн таҷлил кардани 20-умин солгарди таъсисёбии ИДМ дар соли 2011 тамоми давлатҳои узви иттиҳод тадбирҳои муассир меандешанд.