ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН БОД, ТОҶИКИСТОНАМ!
Душанбе, 11 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-24 ноябри соли 2010 дар кишварамон Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи муқаддас дар пойтахти ҷумҳурӣ, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд. Тибқи он нақшаи чорабиниҳои шаҳрдории Душанбе ҷиҳати таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Аз ҷумла, рӯзҳои 23-24 ноябри соли равон дар китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва китобхонаи муосири пойтахт намоиши китобҳо ва конфронсҳои илмӣ гузаронида мешаванд. Инчунин, дар Боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо» ва «Кӯли ҷавонон» сайругашти оммавии шаҳрвандон, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ташкил мешавад. Майдони «800-солагии Маскав яке аз марказҳои асосии таҷлили Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин ҷо 24 ноябр таҳти унвони «Парчамат парафшон бод, Тоҷикистонам» барномаи фарҳангӣ гузаронида мешавад. Инчунин, чорабинии оммавии варзишии велосипедронӣ (веломарафон) бо либосҳои дорои рамзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи хатсайри муайян, гузаронидани дарсҳои тематикӣ, вохӯриву сӯҳбат дар мавзӯи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ташкил мешавад. Ҳамзамон, дар Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ парчами давлатӣ насб шуда, ронандагон бо нишонаҳо, ки дар он парчами давлатӣ тасвир ёфтааст, таъмин мегарданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






