ШАРҲИ МУРОҶИАТНОМАИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК»
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). –Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» бо унвони «Чӣ бояд кард то мо дар давраи зимистон бо қувваи барқ беҳтар таъмин гардем» бо тиражи 10 ҳазор нусха аз чоп баромад. Бояд гуфт, ки ин муроҷиатнома дар байни ҳамаи муштариён ройгон тақсим мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ хабар дод. Тавре пештар хабар дода будем, меъёри истифодаи нерӯи барқ ба шаҳри Душанбе дахл надорад.Вобаста ба ин 15-17 фоизи нерӯи барқи истеҳсолмешуда барои сокинон ва муассисаҳои пойтахт сарф мешавад.Дар мавсими сармо ин фоиз зиёдтар мегардад. Аз ин рӯ дар муроҷиатномаи худ ШСХК «Барқи Тоҷик» истифодабарандагони нерӯи барқи кишварро ба сарфакорӣ ва сари вақт супоридани маблағи нерӯи барқ даъват менамояд. Шумораи муштариёни нерӯи барқи ҷумҳурӣ тибқи иттилои ШСХК «Барқи Тоҷик» айни замон 160 ҳазорро ташкил медиҳад. Дар муроҷиатнома, ҳамчунин, омадааст: «Дар сурати пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштани муштариёни нерӯи барқи шаҳри Душанбе ва дар сурати дар як шаб истифода бурдани 8 лампаи каммасрафи 24 ватта ба ҷойи 8 адад лампаи 100 ватта тӯли як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 12 соат ва дар як сол зиёда аз 426 миллион киловатт-соат нерӯи барқро сарфа менамоем. Ба ҳисоби маблағ ин рақам 38 миллиону 340 ҳазор сомониро ташкил медиҳад». Дар муроҷиатнома, ҳамчунин, омадааст, ки агар ҳар як сокини пойтахт тӯли сол ақаллан нерӯи як лампаи барқиро сарфа намояд, аз ин ҳисоб метавон шаҳрро муддати 8-10 рӯз бо нерӯи барқ таъмин намуд. Мушкилоти асосии соҳа пардохти қарзи нерӯи барқ боқӣ мемонад. Қарзи аҳолии шаҳри Душанбе тӯли 9 моҳ 17 миллиону 654 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Қарзи умумии аҳолӣ бошад ба 53 миллиону 812 ҳазор сомонӣ баробар аст. Дар муроҷиатнома якчанд маслиҳат барои истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ омада, ҳамчунин, рақами телефонҳои шахсони навбатдор, ки шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, оварда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






