ТАБОБАТИ БЕМОРИИ НЮКАСЛА
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти саркотиби илмии Академияи илмҳои кишоварзӣ Давлатҷон Комилзода, дар моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ Корхонаи илмию истеҳсолии «Маводҳои биологӣ» 70 ҳазор воя бар зидди бемории пастереллёз, 24 ҳазор воя бар зидди касалии сенуроз ва 2,5 ҳазор воя бар зидди бемории плевропневмонияи сироятии бузҳо истеҳсол намудааст. Аз тарафи олимон усули пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории нюкасла бо роҳи реаксияи занҷири полимерозӣ ба роҳ монда шудааст. Олимон ҳамчунин маводи ташхисӣ барои касалии хламидиози ҳайвонотро бароварданд. Таҷрибаҳо дар бораи пешгирӣ ва табобати дигар бемориҳои сироятии ҳайвонот идома доранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






