ТАДБИҚИ КОРҲОИ ИЛМӢ ДАР ИСТЕҲСОЛОТИ КИШОВАРЗӢ

Ноябрь 30, 2010 09:22

           Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҳукматулло Аҳмадов, натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии олимони Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба таври васеъ ҷорӣ карда шудаанд.    Соли ҷорӣ навъҳои зироатҳои ғалладонагии селексияи Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ; гандуми навъи «Президент», «Ормон», «Сомонӣ», «Алекс», «Норман», «Садоқат», «Зироат — 70», «Ориён», «Наврӯз», «Ватан», «Шамъ», ҷави «Ифтихор — 86», «Баракат», «Пӯлодӣ» тритикалеи «Умед», «Акбар», «Умар» ҷавдори «Вахш — 128», «Вахш — 116»- ро дар майдони 130 ҳазор гектар кишт намуданд ва аз он  ҳосили дилхоҳ гирифтанд.     Олимони Пажӯҳишгоҳ навъҳои зироатҳои лӯбиёгии нахӯди «Муқтадир», «Зимистонӣ», «Ҳисор -32»,  наскҳои «Ҳисор -1», «Ҳисор — 5», мушунги хӯрокаи «Серҳосил», «Бадахшонӣ», «Лалмии — 126», моши «Тоҷикӣ — 1», «Тоҷикӣ — 2»- ро дар майдони 12 ҳазор га кишт намуда ҳосили зиёд рӯёниданд.    Бар замми ин,  дар кишти такрорӣ аз навъҳои гуногуни мош, лӯбиё ва марҷумак дар майдони 20 ҳазор га истифода намуданд, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ хуб мусоидат хоҳад кард.    

Ноябрь 30, 2010 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!