ЗАХИРАИ НАМАК ВА ҚУМ ДАР МӮЪМИНОБОД

Ноябрь 29, 2010 16:27

        Кӯлоб, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон  Холов). – Кормандони корхонаи  фаръии хоҷагии  манзилию  коммуналии ноҳияи Мӯъминобод ба  мавсими зимистонгузаронӣ омодагӣ  дида, то ин  муддат  4 тонна намак,  35  куб қум ва  2 тонна  сӯзишворӣ захира  намудаанд. Назаралӣ  Мирзоев- сардори  корхонаи  мазкур дар  бастагӣ ба ин  мавзӯъ  гуфт, ки  корҳои ободонӣ  аз  тарафи кормандони  корхона дар  11 моҳи  соли  ҷорӣ  ба  маблағи 297 000 сомонӣ ба  анҷом  расид. Айни  ҳол  коргарон ба тоза  кардани  партовҳо ва  шинонидани  гулу  гулбуттаҳо сафарбар  гардидаанд.  Ба гуфти Н. Мирзоев ҳарчанд дар  корхона  3 адад техникаи ёрирасон фаъолият менамояд, вале ҳанӯз ҳам барои  пешрафти  кор     нарасидани  техникаи  ҳозиразамон ва таҷҳизоти зарурии он   халал ворид менамояд.  

Ноябрь 29, 2010 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад