ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). – Субҳи имрӯз таҳти раёсати Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати ҶТ баргузор гардид. Дар он аъзои ҳайатҳои мушовараи баъзе вазоратҳо ва идораҳо таъйин карда шуданд. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Аъзамшо Шарифов ва Шералӣ Ҷононов аъзои ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ таъӣин гардиданд. Бо қарорҳои дигари Ҳукумат директори гимназияи № 53 шаҳри Душанбе Раҳмоналӣ Таваров узви ҳайати мушовараи Вазорати маориф, Наврӯз Саидов узви ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Қудрат Давлатов узви ҳайати мушовараи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ таъӣин гардиданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






