ҲАДЯИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар арафаи Соли нави милодӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба толибилмони Мактаби президентӣ дар шаҳри Чкалов ду адад автобус ва як мошини боркаши «Газел» тақдим гардид. Ба ин муносибат раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба мактаби мазкур ташриф оварда, аз номи Сарвари давлат калиди мошинҳои навро ба аҳли дабистон супорид. Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз соли гузашта дар арафаи Иди Ваҳдати миллӣ, ҳангоми мавриди истифода қарор гирифтани ин дабистони илму маърифат аз ҳисоби фонди захиравии Президенти мамлакат маблағ ҷудо гардида, ба масъулин барои харидорӣ намудани нақлиёт супориш дода шуда буд. Бояд тазаккур дод, ки бо дастуру ҳидоят ва дастгирии Сарвари давлат дар вилояти Суғд имрӯзҳо баҳри рушди соҳаи маориф бисёр корҳо ба сомон расонида шуда истодааст. Аз ҷумла, бо супориши Президенти мамлакат дар назди ин Мактаби президентӣ аз оғози соли равон хобгоҳ низ бунёд мегардад. Ёдовар мешавем, ки Мактаби президентӣ дар шаҳри Чкалов дорои 26 синфхонаи мувофиқ ба меъёрҳои муосири таълим буда, ба 716 нафар хонанда 51 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Мактаб ҳамчунин, дорои ошхонаи барҳаво, 3 синфхонаи компютерӣ, китобхонаи электронӣ ва дигар иншооти таълимӣ буда, барои хонандагон 21 маҳфилҳои гуногун амал мекунанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






