29 000 ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ДАР 11 МОҲ
Душанбе, 1 декабр.(АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвон ба шаҳрвандон 2220 ҷойи нави корӣ пешниҳод гардидааст,- иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Абдулқосим Сатторӣ имрӯз, 1 декабр дар ярмаркаи ҷойҳои холии кории дар ноҳияи Ёвон баргузоргардида. Азбаски Ёвон ноҳияи агросаноатӣ мебошад, дар ин ҷо ниёз ба нерӯи корӣ низ зиёдтар аст. Хусусан барои корхонаҳои саноатӣ, заводи кимиёвӣ ва таҷҳизоти оҳану бетонӣ, корхонаҳои бофандагӣ коргари зиёд лозим аст. Дар ярмаркаи имрӯз барпошуда 124 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор ва маоши мувофиқ таъмин гардиданд. Музди миёнаи маоши корхонаҳои саноатии ноҳия то 600 сомонӣ муқаррар шудааст. Бояд гуфт, ки айни замон раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Ёвон бо 22 тшкилоту корхонаҳо ҳамкорӣ дорад. Дуруст ба роҳ мондани сиёсати ҳифзи иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки шурӯъ аз аввали соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳру навоҳии мамлакат танҳо аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 123 ҳазору 464 ҷойи кории нав ташкил шудааст. Аз ин ҳисоб 29 ҳазору 53 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор ва маоши мувофиқ таъмин гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






