ЧОЙ НИЗ РӮЗИ ҶАШН ДОРАД

Декабрь 15, 2010 15:21

              Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-  Ҳамасола 15 декабр дар ҳамаи кишварҳое, ки мақоми истеҳсолкунандаи ҷаҳонии чойро соҳибанд, ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии чой таҷлил мегардад. Ин рӯз бо мақсади ҷалби диққати давлатҳо ва шаҳрвандон ба масоили истеҳсол ва фурӯши чой, алоқаи байни фурӯшандагони чой ва ҳолати кормандони корхонаҳои чойбарорӣ, муносибати истеҳсолгарону истеъмолгарон ҷашн гирифта мешавад.               Қарор дар бораи  маҳз 15 декабр ҷашн гирифтани рӯзи байналмилалии чой пас аз муҳокимаи чандинкарата дар бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳамчунин дар Форуми умумиҷаҳонии ҷамъиятие, ки соли 2004-ум дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон ва соли 2005-ум дар Порт Аллегреи Бразилия баргузор  шуда буд, қабул гардид.  Рӯзи байналмилалии чой асосан дар он кишварҳое таҷлил мегардад, ки  истеҳсоли чой дар болоравии иқтисодиёти онҳо ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Ин давлатҳо  Ҳиндустон, Шриланка, Бангладеш,  Непал, Хитой, Ветнам, Индонезия, Кения, Малайзия, Уганда ва Танзания мебошанд.                Сиёсати байналмилалии тиҷорат, ки аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо гузаронида мешавад, бар ин назар аст, ки давлатҳои истеҳсолкунандаи чой сарҳадҳои худро барои тиҷорат мекушоянд. Давлати Ҳиндустон дар сиёсати савдои берунии чой тағйироти назаррас ворид намудааст.                 Чой ҳамчун нӯшокӣ ҳанӯз дар соли 2737-уми то солшумории мо аз ҷониби шоҳаншоҳи дуюми Хитой Шен Нунг ҳангоми ба пиёлаи пур аз оби ҷӯшида партофтани барги дарахт  кашф шудааст.   Солҳои 400–600-и то солшумории мо дар Хитой иштиёқ ба чой ҳамчун ба нӯшокии табобатӣ меафзояд ва ин боиси равнақёбии раванди пайдоиш ва истеҳсоли чой мегардад. Бисёр дӯстдорони чой имрӯзҳо ба ин нӯшокӣ мувофиқи завқи худ пиёз, анҷир, пораҳои афлесун ва дигар маводи хушбӯйкунанда илова менамоянд.                 Бояд гуфт, ки Тоҷикистон кишварест, ки мардумаш ба истеъмоли чой таваҷҷӯҳи калон доранд. Чой ба ҷумҳурии мо асосан аз давлатҳои Ҳиндустон, Озарбойҷон ва Эрон ворид мегардад. Чой нӯшокии маъмулиест, ки онро дар ҳар хонадон истифода мебаранд.         

Декабрь 15, 2010 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад