ДАЪВАТИ СИЁСАТМАДОРИ ШИНОХТА БА ФОРУМИ ЭКОЛОГӢ

Декабрь 17, 2010 13:28

        Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Апрели соли 2011 дар Ҷакарта бизнес –форуми байналмилалии экологӣ доир мешавад, ки ба  он дар радифи сарварони баландпояи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки борҳо аз минбари СММ ва дигар созмонҳои мӯътабари ҷаҳонӣ оид ба проблемаҳои глобалии экологӣ баромад намудааст, даъват менамоем». Ин матлабро раиси Шӯрои минтақавии намояндагони Индонезия Ирман Гусман зимни мулоқоти худ бо Раиси Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зикр кард.        Ирман Гусман гуфт, ки иштироки чунин сиёсатмадори шинохта дар кори бизнес-форуми байналмилалии экологӣ  боиси ифтихори  созмондиҳандагони  ин нишаст аст.       Дар назар аст, ки дар бизнес-форуми экологии Индонезия Дабири кулли СММ, Президенти Бразилия, губернатори иёлоти Калифорнияи Амрико ва намояндагони дигар доираҳои баландпояи расмию тиҷоратӣ иштирок менамоянд.

Декабрь 17, 2010 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!