ДУШАНБЕИ НАВ ДАР ҶАНУБ БУНЁД МЕГАРДАД
Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи таҳияи лоиҳаи тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳудуди пойтахт аз 12 ҳазор гектар то ба 36 ҳазор гектар васеъ карда хоҳад шуд. Ин матлаб 21 декабр зимни муаррифии лоиҳаи тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанбе зикр гардид. Дар лоиҳаи ангории пешниҳодгардида, ҳамчун консепсия се самти асосии рушди ҳудудии шаҳр муаррифӣ гардид. Сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев иброз дошт, ки дар доираи тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳр қисмати ҷанубии Душанбе (маҳалли пайвастшавии дарёҳои Кофарниҳон ва Душанбе) рушд меёбад. Дар ин қисмати ҷанубии шаҳр марказҳои маъмурию коргузорӣ, муҷтамаҳои варзишӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва боғу марказҳои истироҳатию фароғатӣ, ки сохтмони он дар ин қисмати шаҳр мусоид аст, бунёд мегарданд. Назар ба андешаи сармеъмори лоиҳаи тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанбе Владимир Бугаев «қисмати ҷанубии Душанбе ба Душанбеи нав табдил мегардад». Инчунин, ду самти дигари рушди ҳудудии шаҳр самти ғарбии пойтахт аз ҷониби ноҳияи Ҳисор, истгоҳи роҳи оҳани «Душанбе-2» то роҳи оҳани гузаштгоҳи Семзавод ва қисмати сеюми он -қисмати шимолӣ ҷониби ноҳияи Рӯдакӣ ва Варзоб мебошад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






