ИҶРОИ ЛОИҲАИ «БАРҚАРОРСОЗИИ СОҲАИ ПАХТАКОРӢ»
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази иттилоотии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ», Бонки Ҷаҳонӣ аз натиҷаи таҳлили фаъолияти сесолаи маркази мазкур муайян намуд, ки тадбиқи лоиҳа дар асоси талаботи Бонки Ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, дар раванди рушди соҳаи пахтакорӣ саҳми муносиб гузоштааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, таҳлили иҷрои қисми муҳими лоиҳа — «Маблағгузорӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил» дар корхонаи пахтатозакунии корпоратсияи «Зиёратшоҳ» -и ноҳияи Фархор ва хоҷагиҳои деҳқонии ҳамин ноҳия мавриди омӯзиш қарор гирифт. Марказ дар асоси созишномаҳои қарзии байни Вазорати молия ва бонкҳо тибқи дархостҳо аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзнок барои хариди пахта, ба ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» 3 млн. доллар ва ба ҶСК «Агроинвестбонк» 2 млн. доллар пардохт намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






