ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТИИ ЛАЗЕРӢ ДАР ХУҶАНД
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар арафаи Соли Нави 2011 бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар беморхонаи шаҳрии рақами 1-и ба номи Урунови шаҳри Хуҷанд Маркази ташхисӣ-табобатии лазерӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни ифтитоҳи марказ аз дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷӯҳу эътибори Президенти мамлакат ба соҳаи тиб, амалӣ гардидани Барномаҳои рушди соҳаи тандурустӣ дар вилоят, дастгирии соҳаи тандурустӣ, корҳои ободкорӣ, бунёди табобатгоҳҳо ва марказҳои солимӣ ҳарф зад. Ӯ зикр намуд, ки дар Соли нав низ иқдомҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ идома меёбанд, зеро мардуми мамлакати соҳибистиқлоламон 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шоиста таҷлил хоҳанд намуд. Зикр бояд кард, ки бо ифтитоҳи ин марказ дар вилоят бори нахуст бо истифода аз таҷҳизоти лазерӣ табобати бемориҳои роҳҳои нафас, гӯшу гулӯ, рагу шарён ва ғайраҳо ба роҳ монда мешаванд. Дар маркази нави ташхисӣ ва табобатии лазерӣ таҷҳизоти муосири тиббии Федератсияи Россия, аз қабили «Лахта-милон», «Матрикс» ва «Ангиография» насб гардидааст. Мутахассисони марказ дар шаҳри Москва таҷриба андӯхтаанд. Алҳол дар марказ 15 нафар табибону мутахассисон фаъолият дошта, метавонад дар як вақт 15 нафар беморонро табобат намояд. Мавриди зикр аст, ки дар вилояти Суғд тӯли 4 соли охир 1 муассисаи тиббӣ, 3 маркази тандурустӣ, 23 маркази саломатии деҳот, 49 хонаи саломатии деҳот ва 9 шӯъбаи нав мавриди истифода қарор гирифта, 129 муассисаи тиббӣ, 196 шӯъба ва 26 ҳуҷраи табобатӣ таъмир гардидаанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






