ИФТИТОҲИ СЕХИ КОРКАРДИ ЧИГИТ
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз ҳисоби маблағҳои грантие, ки Агентии Швейтсария барои ҷумҳурии мо ҷудо менамояд, дар ноҳияи Ҳисор лоиҳаи нав барои дастгирии хоҷагии қишлоқ амалӣ гардид. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа сехи коркарди кимиёвии чигити пахта сохта ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ маблағи лоиҳаи мазкур зиёда аз як миллион сомониро ташкил намуд. Ҳадафи асосии лоиҳа cанҷидани тухмии чигит, ҳамчунин гузаронидани дигар санҷишҳо оид ба сатҳи тозагӣ ва ҳаҷми тухмиҳо мебошад. « Масалан, пас аз гузаронидани коркард муайян гардид, ки дар як гектар 25 килограмм тухмӣ сарф мешавад. Бе гузаронидани ин гуна коркард пештар дар як гектар 80 килограмм тухмӣ сарф менамуданд. Иқтидори корхона имкон медиҳад, ки дар як соат 100 килограмм тухмӣ коркард шавад»,- таъкид намуд манбаъ. Дар назар аст, ки соли оянда чунин сехҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон сохта шаванд. Барои амалигардонии ин лоиҳаҳо маблағ аз ҷониби Бонки Рушди Аврупо ҷудо мегардад. Айни замон корҳои омодагӣ барои интихоби ҷой барои таҷҳизоти зарурӣ идома доранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






