КАЛОНТАРИН БОЗОРИ ДУШАНБЕ ТАХРИБ МЕГАРДАД
Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Яке аз собиқ бозорҳои калонтарини Душанбе бозори «Баракат», ки дар байни мардум бо номи «Путовский» маъмул аст, тахриб мешавад. Дар робита шаҳрдории Душанбе ҷиҳати бунёди маркази савдои наву замонавии сеошёна тендер эълон менамояд. Маркази нави савдо дар ҳудуди ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Хиштрез», ки дар кӯчаи Сурхоб воқеъ гардидааст, дар масоҳати 3,7 гектар бо ҷалби маблағҳои молии буҷаи пойтахт ва соҳибкорони ватанӣ сохта мешавад. Яке аз шартҳои тендер ҷиҳати сохтмони маркази нави замонавии савдо истифодаи масолеҳи сохтмонии бинои бозори «Баракат» мебошад. Мавриди зикр аст, ки бозори «Баракат, ки яке аз калонтарин бозорҳо дар даврони собиқ шӯравӣ дар пойтахт маҳсуб меёфт, мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе охири моҳи январ бо қарори марбутаи шаҳрдории Душанбе тахриб мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






