ОҒОЗИ КОРҲОИ ПАРМАКУНИИ ЧОҲИ ГАЗ ДАР САРИҚАМИШ

Декабрь 8, 2010 16:26

Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Маросими ботантанаи оғози пармакунии аввалин чоҳи гази   ниҳоят амиқи «Шаҳринав-1п» рӯзи 7 декабр дар майдони Сариқамиши ноҳияи Шаҳринави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.       Дар маросими мазкур вазири  энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ, сардори Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ  Азим Иброҳим, роҳбарони маъмурияти ноҳияи Шаҳринав, сарварону намояндагони  вазорату идораҳои марбута ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.     Директори намояндагии ҶСП «Газпром зарубежнефтегаз» Сергей Туманов ба  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷӯҳ ва дастгирии лоиҳаи мазкур  изҳори миннатдорӣ намуда, зикр намуд, ки онҳо на камтар аз Тоҷикистон барои бомуваффақият амалӣ шудани лоиҳаи мазкур ҳавасманданд ва умед доранд, ки дар ҷойҳои таҷрибагузаронӣ  баландшавии фишори газро ба даст меоранд.     Бояд гуфт, ки «Шаҳринав-1п» — нахустин чоҳи ҷустуҷӯии ниҳоят амиқи газ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Чуқурии лоиҳавии он    6 300 метрро ташкил медиҳад.       Захираи гази ин мавзеъ тахминан 18 миллиард куб, захираи нафт 17 миллион тонна  ва гази моеи дохили нафти он  2 миллиард кубро  ташкил медиҳад.      Ҳаҷми   маблағгузории «Газпром» ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ- иктишофӣ шурӯъ аз моҳи июни соли 2009 зиёда аз 1,5 миллиард рубли русиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла  барои сохтмони чоҳ 550 миллион рубл ҷудо гардидааст.      Ёдовар мешавем, ки корҳои иктишофӣ дар майдони Сариқамиш 24 июни соли 2009 оғоз ёфта буд.       ҶСП «Газпром зарубежнефтегаз» корҳои ҷустуҷӯӣ-иктишофиро дар 4 майдони дорои нафту газ: Сариқамиш, Саргазон, Ренгон ва Шоҳамбарии ғарбӣ мегузаронад.

Декабрь 8, 2010 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!