РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО АЗ ҲОЛИ ДОНИШҶӮЁН МЕПУРСАНД

Декабрь 8, 2010 11:08

 Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар муассисаи давлатии Маркази ҷавонони  шаҳри Хуҷанд ба номи Лоиқ Шералӣ тибқи дастури раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз санаи 3-юм то 17-уми  декабри соли равон мулоқоти раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо донишҷӯёни мактабҳои олии маркази вилоят баргузор мегардад. То имрӯз мулоқоти донишҷӯён бо раисони шаҳру ноҳияҳои  Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Чкалов баргузор гардид. Бояд гуфт, ки пеш аз ҳар чорабинӣ дар толори Маркази ҷавонон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуда, ба хатмкунандагон ҷойҳои кор пешниҳод мегардад ва ба донишҷӯёни аълохон  кӯмакҳои яквақтаи пулии  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти маҳаллӣ низ дода мешавад. 

Декабрь 8, 2010 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!