ШУМОРАИ МАЪЮБОНИ БЕМӮҲЛАТ ЗИЁД ШУД

Декабрь 9, 2010 08:47

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Раёсати Хадамоти давлатии ташхиси тиббиву иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғарибшо Сӯфишоев, имрӯз дар ҷумҳурӣ 152 ҳазору 240 нафар маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки  беш аз 2 фоизи умумии аҳолии ҶТ- ро ташкил медиҳад.    Соли ҷорӣ 11ҳазору 891 шаҳрванд бори аввал барои гузаштан аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ муроҷиат намуданд, ки ба 10 ҳазору 892 нафарашон гурӯҳи маъюбӣ дода шудааст. Аз беморони бори аввал муроҷиаткунанда,  шумораи маъюбони бемӯҳлат нисбат ба соли 2009 658 нафар зиёд гардидааст. Дар ин давра 21 ҳазору 962 нафар аз муоинаи такрорӣ гузаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 қариб 2 ҳазор нафар зиёд аст.  

Декабрь 9, 2010 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!