СММ ҚАРОРИ ПЕШНИҲОДНАМУДАИ ТОҶИКИСТОНРО ҚАБУЛ НАМУД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 16 декабри 2010 Маҷмаи Умумӣ лоиҳаи қатъномаи «Ҳамкорӣ байни Созмони милали муттаҳид ва Созмони Конфронси исломӣ»-ро, ки онро Тоҷикистонро ба сифати раиси Гурӯҳи Созмони Конфронси исломӣ дар СММ аз номи 57 кишвари узви СКИ дар чаҳорчӯби банди 122 (s)-и рӯзнома пешниҳод карда буд, бо як овоз қабул намуд. Белорус, Босния, Ҳерсеговина, Филиппин, Таиланд ва Черногория ба рӯйхати ҷонибдорони лоиҳаи қатънома ҳамроҳ шуданд. Лоиҳаи қатъномаро дар иҷлосияи Маҷмаи Умумӣ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов муаррифӣ намуд. Лоиҳаи қатъномаи мазкур ҳар ду сол ба баррасии Маҷмаи Умумӣ аз номи Созмони Конфронси исломӣ пешниҳод мегардад. Лоиҳаи қатънома таъкид менамояд, ки СММ ва СКИ ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ ва илмӣ идома дода, барои якҷоя пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саъй хоҳанд кард. СКИ шарики муҳими СММ дар амри нигаҳ доштани сулҳу амният ва ташвиқ намудани фарҳанги сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Қайд гардидааст, ки ҳар ду созмон ба мувофиқат расидаанд, ки ҳамкориро дар пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, ҳифз ва истиқрори сулҳ, мубориза бо терроризми байналмилалӣ, нораводории динӣ, аз ҷумла исломситезӣ, ҳимоя ва ташвиқи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, расонидани ёрии башардӯстона, зарфиятсозӣ дар баргузор намудани интихобот ва такмили афзори фаъолияти баъдӣ идома диҳанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Департаменти иттилоотии ВКД хабар доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






