ТАСДИҚИ БАРНОМАИ РУШДИ СИСТЕМАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ
Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд, ки тибқи он Барномаи мақсадноки рушди системаҳои энергетикии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015 тасдиқ гардид. Қарори мазкур бо мақсади азнавсозии шабакаҳои амалкунандаи энергетикӣ, баҳри баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳр, таъмини фаъолияти муътадилу боэътимоди системаи энергетикӣ ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои консепсияи рушди соҳаи энергетикии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011 – 2015 ва дар ин замина таъмини фарогири бештари истифодаи захираҳои энергетикӣ қабул шудааст. Дар асоси ин қарор муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ вазифадор шудаанд, ки иҷрои саривақӣ ва сифатноки барномаи мазкурро таъмин намуда, ҳамасола дар бораи рафти иҷрои он ба Раиси шаҳри Душанбе ҳисобот пешниҳод намоянд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов, назорати иҷрои ин қарор ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров вогузор шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






