ТЕЪДОДИ ЯРМАРКАҲО МЕАФЗОЯД

Декабрь 3, 2010 11:34

         Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). – Имрӯз  дар  ноҳияи  Шоҳмансур  ярмаркаи  навбатии  31 – уми  ҷойи  кору  вазифаҳои  холӣ  баргузор  мегардад. Ташкилкунандаи  ярмарка  Агентии давлатии  ҳифзи  иҷтимоӣ,  шуғли  аҳолӣ  ва  муҳоҷирати  Вазорати  меҳнат  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии  ҷумҳурӣ  мебошад.            Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки дар  миқёси  мамлакат  аз  аввали  сол 523 ярмаркаи  ҷои  кору  вазифаҳои  холӣ  баргузор  гардид. Ин  нисбат ба  солҳои  гузашта  хеле  зиёд  мебошад. Ҳадафи  ярмаркаҳо  бо  кор таъмин  намудани  шаҳрвандони  бекори  мамлакат  аст. Ба туфайли онҳо  дар  давоми 11  моҳи  гузашта зиёда аз 4000  нафар  бо  кори  доимӣ  таъмин  карда шуд.         Дар  ин  муддат  танҳо  дар  шаҳри  Душанбе  30  ярмаркаи  ҷои  кору  вазифаҳои  холӣ  гузаронида шуд. Рӯзҳои  наздик  дар  пойтахти  мамлакат ярмаркаи  навбатӣ  гузаронида  мешавад. Дар  он  намояндагони  бештар  аз 40 корхонаю ташкилот ва  муассисаҳои  давлатӣ  ширкат  меварзанд. Онҳо  ба  корҷӯён  1719 ҷои  корро  пешниҳод  хоҳанд  кард.          Қобили  қайд аст, ки дар  қисми  зиёди  ярмаркаҳои  ҷои  кору  вазифаҳои  холӣ намояндагони  корхонаҳо,  ширкатҳо ва  муассисаҳои  истеҳсолии  Федератсияи  Русия  ва  мамлакатҳои  дигар  низ  ширкат  меварзанд.  

Декабрь 3, 2010 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад