ВАКИЛОН АЗ БАЪЗЕ ИМТИЁЗҲО МАҲРУМ ШУДАНД

Декабрь 29, 2010 14:47

         Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ барои соли 2011 минбаъд вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат маблағи истифодаи телефонҳои шахсиашонро худашон пардохт менамоянд. Ин матлаб 29 декабр зимни баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон  баён гардид.        Азизмад Имомов, раиси комиссияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ оид ба назорати дастур ва ташкили кор масъаларо тавзеҳ дода гуфт, ки сметаи хароҷоти соли 2011- и  Маҷлиси намояндагон ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ таҳия гардида, нисбат ба соли 2010  беш аз 500 ҳазор сомонӣ камтар аст.Сабаби асосии он пешбинӣ нашудани ёрдампулии яквақта ба вакилон, кашонидани амвол ва пардохти маблағҳои  телефонҳои шахсии вакилон мебошад.       Азизмад Имомов афзуд, ки таҳияи лоиҳаи сметаи хароҷот барои соли 2011 собит месозад, ки он бо назардошти вазъи имрӯзаи молиявӣ пешбинӣ шуда, фаъолияти мунтазам ва самараноки тамоми сохторҳои Маҷлиси намояндагонро таъмин менамояд.        Инчунин, ҷиҳати самаранок намудани фаъолияти Маҷлиси намояндагон, вакилон ва сохторҳои он номи баъзе шӯъбаҳои дастгоҳи палатаи поёнии парлумони мамлакат иваз карда шудааст. Бо назардошти зиёд шудани ҳаҷми кор ва  бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба экология, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия дар заминаи ду воҳид сармутахассисони шӯъбаи умумӣ шумораи мушовирони калони кумитаҳо  ва комиссияҳо аз 14 то 16 нафар зиёд карда шуд.

Декабрь 29, 2010 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад