ҚАРЗДИҲӢ БА НОҲИЯҲОИ ДУРДАСТРО БОЯД АФЗОИШ ДОД

Январь 18, 2011 16:54

   Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Соли 2010 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба маблағи 5,3 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 25,6 фоиз зиёд мебошад. Дар байни ин қарзҳо ҳиссаи қарзҳои дарозмӯҳлат, ки мусоидаткунандаи рушди истеҳсолот мебошанд, дар муқоиса бо соли гузашта 3,6 банди фоизӣ зиёд шудааст, гуфт Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маҷлиси ҷамъбасти соли 2010.   Ӯ иброз дошт, ки яке аз ҳадафҳои муҳимтарини Ҳукумати кишвар таъмини рушди соҳибкории хурду миёна ва хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мебошад. Аз ин рӯ, пайваста зиёд кардани маблағи қарзҳои бо ин мақсад додашуда вазифаи асосии низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад. Соли 2010 маблағи умумии қарзҳои ба ин мақсад додашуда 1 миллиарду 83 миллион сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 34 фоиз зиёд мебошад.   Дар баробари беҳбуди нишондиҳандаҳои дигари низоми бонкӣ, ба монанди зиёд кардани шӯъбаю марказҳои хизматрасонӣ, шумораи мизоҷон, бақияи пасандозҳо ва қарзҳо бояд зикр кард, ки маблағи қарзҳои хурд, хусусан қарзҳои хурди ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон додашуда ҳамагӣ 5,3 фоиз зиёд шудааст, ки ҳоло ҳам басанда нест,-тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.   Ҳамчунин қайд шуд, ки бинобар ин ба Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ тавсия мешавад, ки баробари таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои пулӣ, сатҳи таваррум ва захираҳо барои зиёд намудани ҳаҷми қарзҳо ҷиҳати дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, хусусан қарзҳои хурд барои соҳибкорони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, ки яке аз роҳҳои ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад, чораҳои дахлдор андешанд.

Январь 18, 2011 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад