ҲАНӮЗ ҲАМ ҚОНУНИ ЗАБОН ПУРРА РИОЯ НАМЕГАРДАД
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Дар мактабҳои ноҳияи Спитамен вазъи таълими забони давлатӣ боиси нигаронист. Масалан, дар мактаби таҳсилоти умумии №22, ки дар он таҳсил бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ мебошад, аз ҷониби роҳбарият ва муаллимон меъёрҳои оддитарини имлои забони тоҷикӣ риоя намешаванд. Дар гурӯҳҳои тоҷикӣ асосан муаллимони ғайри тоҷикзабон бо забони шикаста ва шевагии махлут дарс мегӯянд, ки чунин муносибат нисбат ба забони давлатӣ раво нест, гуфт ба хабарнигорони ВАО Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ Додихудо Саймуддинов. Мавсуф иброз дошт, ки дар иртибот ба ин масъала Кумита дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи ҶТ ҳолати иҷрои Қонунро дар шӯъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, шаҳри Исфара, ноҳияи Шаҳритӯс, Қубодиён ва Ҷилликӯли вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дод. Санҷиш бори дигар собит сохт, ки омӯзиши забони давлатӣ дар ин мактабҳо дар сатҳи зарурӣ нест. Ҳамчунин дар нишаст таъкид гардид, ки ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва сохторҳои он, мақомоти суд, прокуратура, шӯъбаҳои корҳои дохилии Сино-1 ва Сино-2, шӯъбаи шиносномадиҳӣ, шӯъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ, муассисаҳои тандурустии ҳудуди ноҳия мавриди санҷиш қарор дода шуд. Санҷиш муқаррар намуд, ки дар баъзе ташкилоту муассисаҳо талаботи Қонуни мазкур ба пуррагӣ риоя намегардад, ҳанӯз ҳам мӯҳру тамға ва бланку варақаҳои расмӣ бо ду забон истифода мегарданд. Барои бартараф намудани камбудиҳо мӯҳлат муқаррар гардидааст.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






