88 НАФАР КОРҶӮЙ СОҲИБИ РОҲХАТ ГАРДИД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева) — Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои он дар ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино дар «Литсеи алоқаи №5», воқеъ дар кўчаи Мирзо Турсунзода 47, имрӯз, 21-уми январи соли 2011-ум ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар ин ярмарка 33 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба корҷӯён 1818 ҷойи кории холиро пешниҳод намуданд. Тибқи мувофиқаи қаблӣ бо шабакаҳои телевизионии ТВТ-1, «Ҷаҳоннамо» ва радиои «Садои Душанбе» гузоришу мусоҳибаҳо оид ба баргузории ярмарка ва ташкили ин чорабинӣ, ки барои бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор мусоидат мекунад, сабт шуданд. Масъулини ин чорабинӣ тариқи ВАО фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд. Дар ярмаркаи мазкур ба 80 нафар корҷўён барои дарёфти ҷойи кор ва ба 6 нафар барои омўзиши касб роҳхат дода шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






