АФЗОИШИ САРШУМОРИ ЧОРВО ВА ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТУ ШИР

Январь 17, 2011 16:49

    Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли сипаригашта дар хоҷагиҳои вилояти Суғд саршумори чорвои калони шохдор ба 516 ҳазор сар расида, аз ин миқдор 274,9 ҳазор сар модагов, 1,2 миллион сар гӯсфанду буз, 1,1 млн сар мурғ ва 8165 сар асп мебошад.    Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба мо иттилоъ доданд, ки нисбат ба соли гузашта саршумори чорвои калони шохдор 5472 сар ё 1,1 фоиз, аз ҷумла модагов 3749 сар ё 1,4 фоиз, гӯсфанду буз 18320 сар ё 1,5 фоиз, мурғ 92319 ё 8,9 фоиз зиёд шудааст. Аз саршумори умумии чорво 91,1 фоизи чорвои калон ва 82,3 фоизи гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.    Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорвопарварӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо: гӯшт (бо вазни зинда) 32512 тонна ё худ 102,2 фоиз, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, гӯшти моҳӣ 138 тонна ё худ 100,7 фоиз, шир 214829 тонна ё худ 101,9 фоиз, тухм 55911 ҳазор дона ё худ 105,7 фоиз, пашм 1185 тонна ё худ 106,8 фоиз, пилла 396 тонна ё худ 43,1 фоиз ва асал 1156 тонна ё худ 109, фоизро ташкил кард.     Корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар соли 2010 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2312 тонна ё худ 101 фоиз гӯшт, 16689 тонна ё худ 100,4 фоиз шир, 35140 ҳазор дона ё худ 106 фоиз тухм истеҳсол намуданд.

Январь 17, 2011 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад