ДАР НАЗДИ ХУКУМАТ ХАДАМОТ ТАЪСИС ДОДА ШУД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ “Ховар”, Покиза Мањмадбекова). — Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Хадамоти мазкур бо маќсади ташкили низоми ягонаи идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шуд. Ин Хадамот, дар заминаи сохторҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагии ин вазорат оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия ва сохторҳои дахлдори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати ин вазорат таъсис ёфтааст. Бо ҳамин фармон, ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳо доир ба танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, ба кор таъмин кардани шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва ба роҳ мондани робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидаанд. Тибқи фармон, сохторҳои дахлдори Хадамоти муҳоҷират дар назди сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, таъсис дода мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






