ДУ ЛОИҲАИ НАВИ ФАЪОЛИЯТИ «ТАЛКО»
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори КВД «Ширкати алюминии тоҷик» Садриддин Шарипов, ширкати мазкур фаъолияти минбаъдаи худро дар асоси ду лоиҳаи ҳаҷман калон ба роҳ мондааст. Лоиҳаи якум кори худро амалан ба пуррагӣ анҷом дод, ки мақсад аз қабули он истифодаи маҳсулоти саноати ватанӣ дар истеҳсоли алюминий пешбинӣ шуда буд. Ҳоло беш аз 60 фоизи дастгоҳҳои барои тавлиди алюминий зарурӣ ва қисмҳои эҳтиётии он дар корхонаҳои саноатии кишвар истеҳсол мешаванд. Ба роҳ мондани ин тарзи кор имкон дод, ки хароҷоти зиёдатӣ дар дохили корхона коҳиш ёфта, иқтидори истеҳсолии корхона баланд бардошта шавад. Амалӣ шудани лоиҳаи аввал барои ташкили 4 ҳазор ҷойи нави корӣ мусоидат намуд. Мақсад аз амалӣ намудани лоиҳаи дуюм ин тавассути ашёи хоми маҳалӣ фаъолият намудани ТАЛКО мебошад, ки барои 5 соли оянда пешбинӣ шудааст. Бо амалӣ шудани лоиҳаи навбатӣ корхона 60 фоиз бо гилхок (оксиди алюминий, фтори алюминий ва маснуоти графитӣ), ки аз ноҳияи Рашт ба даст оварда мешавад, фаъолият хоҳад кард. Боис ба ёдоварист, ки ҳамасола тавассути роҳи оҳан танҳо барои воридоти гилхок аз хориҷи кишвар ТАЛКО 250 млн. доллар сарф менамояд. Бо амалӣ шудани лоиҳаи дуюм тамоми зарар аз ҳисоби ашёи хоми маҳалӣ пӯшонида шуда, садҳо млн. доллар ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






